Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст.
Имрӯз, 20 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои дигари вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани боронҳои кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона дар водиҳо 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"