обу ҳаво

Дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид 4 рӯзи дигар боқӣ мемонад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ибтидоан аз 16  то  19  май дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва жола, инчунин ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мефарояд. Аз 16 то 18 май дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сел пешбинӣ мешавад. 

Имрӯз дар ҷумҳурӣ борону жола меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусод гашта,  боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 14 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.

Страницы