Имрӯз дар ҷумҳурӣ гармӣ ба 32 дараҷа мерасад
Опубликовано ср, 23/05/2018 - 08:36 пользователем tvtТибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармии ҳаво то 32 дараҷа мерасад.
Имрӯз, 23 май дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.