Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.
Имрӯз, 11 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, ба амал омадани раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 22-27 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +33 +38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +8 +13 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, шамол аз самт шарқ то 13-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +35 +40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +13 +18 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +35 +37 дараҷа ва шабона +16 +18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
АМИТ "Ховар"