Гурӯҳи ҳунарии «Суғдиён» аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии ТРИО дар Фестивали байналмилалии мусиқии «Боми ҷаҳон» бо рақсу таронаҳои зебои худ дили садҳо нафар аз тамошобинонро тасхир кард. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар ВМКБ Файзи МИРҲАСАН хабар медиҳад.
Дар Фестивал 180 нафар ҳунармандон аз давлати Америка, Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се рӯз барои ҳазорон нафар ширкаткунандагони он то бевақтии шаб базми рақсу таронаҳои мардумӣ, фолклорию эстрадӣ баргузор намуданд.
Ин Фестивал соли ҳаштум аст, ки дар шаҳри Хоруғ доир мегардад, аммо ҳунармандони гурӯҳи «Суғдиён» бори аввал дар он ширкат меварзанд. Аз ин рӯ ҳангоми ба саҳна баромадан тамошобинон аз ҷой хеста онҳоро бо кафкубӣ ва шӯру валвала истиқбол гирифтанд. Дар ҳавои таронаҳояшон рақс мекарданд.
Яке аз ҳунармандони ин гурӯҳ Бекзод Тӯраев гуфт, ки «воқеан истиқболи гарми тамошобинон моро ба ваҷд овард. Ҳақиқатан миллати тоҷик бисёр фарҳангдӯсту фарҳангпарвар будааст. Ман дар бораи зебогии Помир ба василаи аксу тасвирҳои видеоӣ қаблан шинос будам ва имрӯз бо чашми худ ин минтақаи афсонавиро тамошо мекунаму аз дидани манзараҳои ҷолиб ва суҳбатҳо бо мардуми меҳрубону меҳмоннавози он ҳаловат мебарам. Чизи дигари ҷолиб ин буд, ки ҳунармандони тоҷик сурудҳои узбекӣ ва ҳунармандони ӯзбек таронаҳои тоҷикӣ мехонданд, ки ин хеле хушоянд буд ва фикр мекунам, ки моро ба ҳам боз ҳам наздиктар кард».
Фестивал бо кумаки Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Ширкати мобилии ТCELL роҳандозӣ шуда, ҳадафи он рушду ҳамкорӣ байни фарҳангҳои мухталиф ва ҳифзу нигоҳдории фарҳанги қадимаи халқҳои ҷаҳон мебошад.
АМИТ «Ховар»