Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» соли 2018 78,3 ҳазор тонна консентрати сурб ва 166,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол намуд, ки дар маҷмӯъ 245,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур калонтарин корхонаи саноатии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи он соли сипаригардида 2 миллиарду 814 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, маълумоти мазкур зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» Вен Ю Дао баён гардид.
Ҷонибҳо масъалаи марбут ба фаъолияти ширкат ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат 15 январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 ба имзо расид.
Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад. Фармони мазкур ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва саноатикунонии мамлакат такони ҷиддие мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
АМИТ «Ховар»