Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баъзе минтақаҳо он шиддат мегирад.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад, дар баъзе мавридҳо шиддат меёбад. Ҳаво аз 19 то 21 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 13 то 18 дараҷа ва дар шарқи ин вилоят аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ба қайд гирифта шудааст, борон меборад ва дар баъзе минтақаҳо шиддат меёбад. Ҳаво дар водиҳо 15-20 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯйӣ мегардад. Борон борида, дар баъзе минтақаҳо шиддат меёбад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар водиҳо аз 20 то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 12 то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар аст. Борон меборад. Дар баландиҳои 2000 метр бориши барф ба қайд гирифта шудааст, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"