ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав бунёд мегардад

Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Раванди ин қабил корҳои ободкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд низ баръало эҳсос мегардад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ Ховар масъулини шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни хотирмони миллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёду таъмир ва навсозии чанд иншооти соҳаи маориф роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, дирӯз дар яке аз калонтарин ҷамоатҳои деҳоти ноҳия – Оббурдон бо иштироки раиси ноҳия, фаъолон ва аҳли маорифи ноҳия барои бунёди бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 санги асос гузошта шуд.

Ба иттилои манбаъ, бинои ҳозираи МТМУ №26 соли 1971 тариқи ҳашар бунёд гардида, имрӯз он ба навсозии куллӣ ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, баҳри ташкили шароити хубу мусоиди таълиму тадрис, синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннию компютерӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории Фонди саудии рушд бо харҷи 305 ҳазор доллар бинои нав сохта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бинои мактаби нав аз ду ошёна иборат буда,  барои таҳсили 265 нафар толибилм дар як баст пешбинӣ гардидааст. Он то моҳи октябри соли 2020 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» ва ҶДММ «Тахт»-и ноҳия  ба истифода дода мешавад.

АМИТ Ховар