Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйбор ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, дар ноҳияи дурдасти Мурғоб амалиёти «Тозагии соҳил- 2020» гузаронида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ин амалиёти тозакорӣ, ки аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб ташкил гардид, беш аз 150 нафар сокин, хонанда ва корманди идораю муассисаҳо иштирок намуданд.
Зимни ҳашар иштирокдорон 1,5 км соҳили дарёи Оқсуро аз партовҳои маишӣ тоза намуданд. Дар маҷмӯъ, 5 метри мураббаъ партов ҷамъоварӣ гардида, ба воситаи техника ба партовҷо интиқол дода шуд.
АМИТ «Ховар»