12 июли соли 2018 дар шаҳри Москва машваратҳо оид ба масъалаҳои фаъолияти байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода роҳбарӣ мекард.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷӣ дар ҳошияи СҲШ мубодилаи афкор намуданд.
Чораҳои амалӣ оид ба мустаҳкам намудани нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зарурати пурзӯр намудани талошҳоро дар роҳи мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини боэътимоди амният ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон дар маҷмӯъ зикр намуданд.
АМИТ «Ховар»