18 октябр Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 19 октябр Вячеслав Володин дар доираи сафари худ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад.
Дар ин рӯз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар мегузорад.
Дар назар аст, ки меҳмони олиқадр бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» дидан намояд.
Ёдовар мешавем, ки 20 октябр сафари давлатии Вячеслав Володин бо боздид аз Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев ба анҷом мерасад.
АМИТ «Ховар»