Соҳибкорони ноҳияи Сангвор дар деҳаи Лайрони боло пули пиёдагузар месозанд

То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Лайрони болои деҳоти Сангвор бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ пули пиёдагузар ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон сохтмони биноҳои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Сангвор, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, хатти баландшиддати 35 кВт Шугнов-Тавилдара,  толори варзиш дар деҳоти Чилдара, толори варзиш ва бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Вахё идома дорад.

Сармеъмори ноҳияи Сангвор Талбӣ Назаров  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани 107 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори  сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 70  иншоот  мавриди  истифода қарор дода шуда, дар  37 иншооти дигар  корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамчунин баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бунёди меҳмонхона дар маркази ноҳия, ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара ва якчанд иншооти хурди маданию маишӣ ба наздикӣ анҷом меёбад.

Сармеъмори ноҳия тазаккур дод, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни    миллӣ дар ноҳияи Сангвор корҳои бунёдию созандагӣ  идома дошта, дар чор моҳи соли 2021 аз буҷети маҳаллӣ  барои таҷдиди сохтмони биноҳои маъмурии  Ҷамоати деҳоти «Тавилдара», шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва боғи фарҳангӣ — фароғатӣ 640 ҳазор сомонӣ  сарф гардидааст.

Бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани шумораи хонандагон дар ноҳия зарурати бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ пеш омадааст. Тибқи нақша, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 6, 12, 14, 31 синфхонаҳои иловагӣ сохта ва дар марказҳои ҷамоати деҳоти ноҳия 4 майдончаи варзишии замонавӣ низ бунёд шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: