COVID-19. СУТ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лавозимоти тиббӣ тақдим намуд

10 декабр  Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ, аз қабили монитор, оксиметри набз, ниқобҳо ва канюлҳо барои оксиген ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 тақдим намуд.

Тавре аз Вазорати мазкур ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими супоридани таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Ғафур Муҳсинзода ва мутахассиси Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии СУТ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров иштирок намуданд.

Ғафур Муҳсинзода дар ҷараёни  қабули таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ иброз намуд, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ яке аз шарикони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои рушду пешрафти соҳа пайваста кумак менамояд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: