Сурия пурра аз террористон озод карда шуда, тамоми гурӯҳҳои муташаккили «Давлати исломӣ» (дар Тоҷикистон мамнуъ) маҳв карда шуданд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, генерали армия Валерий Герасимов дар брифинги солона барои атташеҳои ҳарбӣ хабар дод.
«Тамоми гурӯҳҳои муташаккили ДИ дар ҳудуди Сурия маҳв карда шуда, қаламрави ин кишвар аз террористон озод карда шуд»,- гуфт ӯ ва илова намуд, ки дар ин бора аллакай Вазири мудофиа, генерали армия Сергей Шойгу ба Президенти Россия Владимир Путин хабар дод.
«Имрӯз қисмҳои бригадаи генерал Суҳел ва корпуси 5-уми ихтиёриён ба неруҳои мусаллаҳи ғайриқонунии боқимонда (дар музофоти Дайр-уз-Зор) пирӯз шуда, нуқтаҳои аҳолинишини Солиҳия, Ал-Ҳрайт, Ал-Қатя ва Мусаллаҳро озод намуданд. Ҳамин тавр, имрӯз дар қаламрави Сурия ҳудуди зери назорати ДИ мавҷуд нест»,-иброз дошт сардори Ситоди кулл.
АМИТ "Ховар"