Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 6 ноябр дар Вашингтон бо директори Бюрои федералии тафтишоти (ФБР) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Рэй мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Прокуратураи генералииТоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот роҳбари ФБР ба Прокурори генералии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар баррасии амали террористӣ – куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғара изҳори сипос намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва ФБР, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд.
Юсуф Раҳмон ва Кристофер Рэй изҳор доштанд, ки ба густариши ҳамкориҳо омодаанд.
Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли равон дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд ҷинояткор ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 нафар сайёҳон кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.
Бюрои федералии тафтишот (Federal Bureau of Investigation, FBI, ФБР) идораи давлатӣ дар назди Вазорати адлияи ИМА ва ба Прокурори генералии ин мамлакат тобеъ мебошад. Ин идора аз соли 1908 фаъолият мекунад.
АМИТ «Ховар»