Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 10 октябри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба дастгирии институти оила ва арзишҳои анъанавии оилавӣ, мукаммалсозии фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеияти муосир, таъйин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омоданамоӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои алоҳида ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АМИТ "Ховар"