Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 сентябри 2017 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ» дар пойтахт даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Ба ин муносибат дар чор ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ маросимҳои тантанавии гусели навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, барномаҳои фарҳангию ташвиқотӣ бо ташаббуси комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт доир гардиданд. Ба барномаҳои фарҳангии мазкур ҷавононе, ки бо ҳоҳиши худ барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳозир шудаанд, ҳамчун меҳмонони фахрӣ ҳамроҳ бо волидайнашон даъват гардиданд. Шумораи ин ҷавонони шуҷоъ аз ҳар ноҳияи пойтахт аз 50 то 60 нафарро ташкил медод.
Дар ҷамъомадҳо ҳамчунин собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаи ҳарбии кишвар, комиссарони ҳарбӣ ва падару модарони даъватшудагон иштирок намуда, ба наваскарон барои азми хизмати ихтиёрӣ ба Ватан таҳсину офарин хонда, зикр карданд, ки ин иқдоми онҳоро метавон қадами аввалини ҷасурона дар роҳи ҳифзи марзу буми меҳан номид.
Даъватшудагон омодагии ҳамешагиашонро баҳри ҳифзи хоки муқаддаси Тоҷикистон изҳор намуда, зикр карданд, ки лозим ояд баҳри ҳимояи Модар – Ватан ҷони худро дареғ намедоранд.
Ба маросимҳои тантанавӣ суруду таронаҳои ватанпарваронаи санъаткарон ва намоиши машқҳои зебои ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.
АМИТ «Ховар»