Шуҳрат Неъматуллоев-роҳбари нави Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон

Директори генералии Агентии иттилоотии варзишии «Варзиш-Спорт» Шуҳрат Неъматуллоев дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон ба мақоми роҳбари ин ниҳод интихоб шуд.
«Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон беш аз 10 сол аст, ки ба ном фаъолият мекунад ва моро зарур аст, ки ҳамаро аз сифр оғоз намоем»,-гуфтааст Шуҳрат Неъматуллоев.
Шуҳрат Неъматуллоев дар ташкилу гузаронидани мусобиқаҳои бокс саҳми босазо гузоштааст. 1 октябри соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар шаҳри Душанбе беҳтарин боксчиён аз кишварҳои гуногун бо ҳам рақобат карданд ва дар зӯрозмоии асосӣ боксчии тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев бо Ҷабо Шалуташвилӣ аз Гурҷистон мусобиқа орост.
Умед аст, ки бо омадани гурӯҳи мутахассисони нав бокси касбӣ ривоҷу равнақ меёбад.

khovar.tj