Муваффақияти паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷараён дорад, идома ёфта истодааст. Дар рӯзи сеюми рақобатҳо паҳлавонони тоҷик баромади сазовор намуданд. Дар ин рӯз боз як медали нуқраи дигар ба хазинаи варзишии Тоҷикистон зам гардид. Самбочии маъруфу номдори тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар рақобатҳои вазни 100 кг бар се рақибонаш аз ИМА, Ӯзбекистон ва Камерун дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар финал ин самбочии тоҷик бо қаҳрамони 5 каратаи ҷаҳон варзишгари мизбон, Артём Осипенко рақобат намуда бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуда, сазовори медали нуқра гардид. Ин пирӯзӣ ва комёбии таърихӣ ба тамоми ҳаводорони самбо ва кулли дӯстдорони варзиш муборак бошад! Аҳсан ба ин паҳлавони номовари тоҷик, ки бо зӯру тавонои рустамона се рақиби сарсахти хешро ба замин яксон намуда, медали нуқраи ин мусобиқаи мазкурро ба хазинаи дастмӯзаҳои кишвар овард.
ТВ Варзиш