Бокс

Баҳодур Усмонов баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард

Баҳодур УсмоновВарзишгари маъруфи тоҷикБаҳодур Усмонов дар  Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд  дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Муштзани тоҷик чемпионати ҷаҳонро бо ғалаба оғоз кард

Муштбози умедбахшу муваффақи тоҷик Шаббос Неъматуллоев аввалин сабқати худро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки айни ҳол дар шаҳри Гамбурги Олмон идома дорад, бо пирӯзӣ пушти сар намуд. Рақиби Шаббос дар вазни 81 кило варзишгари туркман Нургалди Нурдияев буд, ки ба зури бозуи муштбози тоҷик тоб наовард.

Шуҳрат Неъматуллоев-роҳбари нави Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон

Директори генералии Агентии иттилоотии варзишии «Варзиш-Спорт» Шуҳрат Неъматуллоев дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон ба мақоми роҳбари ин ниҳод интихоб шуд.
«Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон беш аз 10 сол аст, ки ба ном фаъолият мекунад ва моро зарур аст, ки ҳамаро аз сифр оғоз намоем»,-гуфтааст Шуҳрат Неъматуллоев.
Шуҳрат Неъматуллоев дар ташкилу гузаронидани