Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасмим дорад, ки ояндаи наздик ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаҳои мазкур 22 январ зимни баргузории ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳои зикргардида ташаккули соҳаи варзиш, кафолати давлатии рушди оммавии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» минбаъд қоидаҳои таъмини амнияти мусобиқаҳои расмии варзишӣ, қоидаҳои рафтори мухлисон ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои расмии варзишӣ, стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ, тасдиқ ва муайян намудани номгӯи чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбия ҷисмонӣ ва варзишро ба танзим медарорад.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур хусусияти таҳрирӣ дорад.
АМИТ "Ховар"