Китоби «Варзиш-соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид

Бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби рӯзноманигори ҷавон Шодихони Назар таҳти унвони «Варзиш — соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба табъ расид. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоб маҷмӯи мақола ва мусоҳибаҳои муаллифро дар бораи ғолибони мусобиқаҳои байналхалқӣ, варзишгарони дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбар мегирад, ки давоми як сол дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расидаанд.
Ҳамчунин дар сарсухани китоб муаллиф зери сарлавҳаи «Мафҳуми варзиш дар шинохти Пешвои миллат» иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши варзиш дар таъмини тарзи ҳаёти солим ҷой додааст.

АМИТ "Ховар"