Ширкати ватании «Сомон Эйр» ҳамкории худро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон идома медиҳад. Бо ин мақсад дар қароргоҳи ФФТ шартномаи ҳамкории ин ниҳодҳо ба имзо расид. Ноиби ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва директори тиҷоратии ширкати мазкур Абдулқосим Валиев ин санадро ба имзо расониданд.
Ширкати ватании «Сомон Эйр» аз соли 2017 инҷониб ҳамчун сарпараст бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судманд дорад ва дар татбиқи мақсадҳо ба ҳам кумак мерасонанд. Дар ин раванд, тавре иттилоъ дода шуд, «Сомон Эйр» ба Федератсияи футболи Тоҷикистон соли гузашта ҳамчун сарпараст дар равуои футболбозон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дохилӣ беш аз 760 000 сомонӣ саҳм гузоштааст. Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев бо изҳори миннатдорӣ аз ҳамкории тарафайн зикр намуд, ки саҳми «Сомон Эйр» дар дастовардҳои дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё низ назаррас мебошад.
Директори тиҷоратии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев омодагии ширкатро барои дастгирӣ ва ривоҷу равнақи минбаъдаи футбол дар мамлакат баён кард.
Зикр гардид, ки бинобар иштироки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар давлати Перу мегузарад, ҳамкорӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва «Сомон Эйр» ҳам вусъат меёбад.
АМИТ «Ховар»