Шурӯъ аз 3 июни соли равон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои хатсайрҳои мунтазам дар самти Хуҷанд – Нижневартовск – Хуҷанд оғоз менамояд. Парвозҳо дар самти нав дар ду ҳафта як маротиба, рӯзҳои душанбе амалӣ мешаванд.
Ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ки парвоз аз Хуҷанд соати 9:20 ва аз Нижневартовск соати 15:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Ба роҳ мондани хастсайри нави ҳавоӣ байни Хуҷанд ва Нижневартовск дар ҳолест, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 8 май инҷониб парвозҳоро дар самти Хуҷанд – Сургут – Хуҷанд ҳафтае як маротиба иҷро менамояд.
Хатсайрҳо рӯзҳои чоршанбе дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд. Парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соати 08:00 ва аз Сургут соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ иҷро карда мешавад. Мусаллам аст, ки алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол парки ширкати ҳавопаймоӣ «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
АМИТ «Ховар»