Дар партави сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ифтитоҳи бинои нави шуъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар ноҳияи Спитамен иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар маросими кушодашавии шуъбача раиси ноҳияи Спитамен, роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва аҳли ҷамоат ширкат доштанд. Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати бинову иншоот, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва волоияти қонун, инчунин сайқал додани дониш, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва машғул шудан ба варзиш ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» таъкид намуд, ки на танҳо зимни муҳофизати бинову иншооти вобасташуда фаъолиятро пурзӯр намоянд, балки бо ҷинояту ҷинояткорӣ, алалхусус бо терроризму экстремизм муборизаи беамон баранд.
АМИТ «Ховар»