БО «СОМОН ЭЙР» БА БУХОРОИ ШАРИФ! Имрӯз парвози нахустин дар ин хатсайр анҷом дода шуд

Ширкати  ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имрӯз парвози нахустинро ба самти Душанбе –Бухоро  ба роҳ монд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои  манбаъ, назар арзиши чиптаи ҳавопаймо барои як самт  аз Душанбе  то Бухоро 443 сомонӣ буда, давомнокии парвоз як соатро ташкил медиҳад.

Ба роҳ мондани парвозҳои ҳавопаймо байни шаҳрҳои Душанбе ва Бухоро  бо иқдоми ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ  сурат гирифта,  қадами муаасирест дар роҳи тақвияти робитаҳои судманд байни   Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки беш аз пеш дар соҳаҳои  гуногун тавсеа меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки ин сеюмин хатсайри нав аст, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  дар масири Душанбе – Тошканд, Душанбе- Анталия ва Душанбе Бухоро роҳандозӣ гардидааст.

АМИТ«Ховар»