Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ширкати «Huawei» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, ин созишномаи ҳамкорӣ то охири соли равон амал мекунад
Шартномаро аз ҷониби ФФТ ноиби президенти федератсия Дилшод Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Huawei» Директори ҶДММ «Ҳуавей технологияи Тоҷикистон» Суй Фен ба имзо расониданд.
Дар ин маросим Дилшод Ҷӯраев бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки ҳамкории ширкати «Huawei» бо ФФТ солҳои зиёд идома дорад ва он минбаъд ҳам тақвият хоҳад ёфт. «Ба ширкати «Huawei» изҳори сипос мекунем ва ин кумаки онҳо баҳри ривоҷу равнақи футболи кӯдакону наврасон равона мегардад»-гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки ФФТ соли равон бо як зумра ширкатҳои пешрафта-«Coca-Cola», Tcell , «Мегафон-Тоҷикистон», «Сомон Эйр» ва чанде дигар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки баҳри ривоҷу равнақи футболи тоҷик кумак хоҳанд кард
АМИТ «Ховар»