Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ҷиҳати бунёди Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён санги асос гузоштанд

Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён санги асос гузоштанд.

Иншооти хизматрасонӣ дар шафати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Салимов бунёд карда мешавад.

Ошёнаи якуми бино барои мағоза, ошёнаи дуюм, бо 14 ҳуҷра барои меҳмонхона ва се ошёнаи дигар барои хобгоҳ пешбинӣ шудаанд. Хобгоҳ дорои 54 ҳуҷра буда, дар он то 162 нафар донишҷӯён метавонанд дар вақти таҳсил истиқомат намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастуру маслиҳат доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ талаботи меъёрҳои меъморӣ  ва  унсурҳои миллиро риоя намоянд.

Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён аз 5 ошёна иборат буда, дар вақти бунёди он наздики 30 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мешаванд.

Барои бунёди бинои замонавӣ қариб 5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён дар ноҳияи Рашт дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, то соли 2021 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: