21 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 75-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», ки аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ — 190 давлат пешниҳод шуда буд, қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Санади мазкур, ки ба қатъномаҳои қаблии Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» такя менамояд, таъкид мекунад, ки захираҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани фақру гуруснагӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Қатънома ҳамчунин бо нигаронӣ зикр менамояд, ки тағйирёбии иқлим аз омилҳое мебошад, ки метавонад ба шиддати норасоии об дар саросари ҷаҳон сабаб шавад ва дар ин росто зарурати таҳияи роҳбурдҳои созгорӣ ба тағйирёбии иқлимро барои ҳалли мушкилоти марбут ба об таъкид мекунад.
Дар шароити ҳамагирии бемории коронавирус (COVID-19) қатънома аҳамияти истисноии оби ошомидании бехатар ва васоили беҳдоштию гигиениро барои талошҳои ҷаҳонӣ дар таҳким ва таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба хидматрасониҳои тандурустӣ эътироф мекунад.
Дар бахши амалиётии қатънома қарор дар бораи аз 22 то 24 марти 2023 дар Ню-Йорк баргузор кардани Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Конфронси СММ-2023) таъйид гардида, пешниҳоди ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерланд бобати мизбонии муштараки ин конфронс мавриди истиқбол қарор гирифтааст.
Шоёни зикр аст, ки дар ҷараёни Конфронси СММ-2023 қарор аст дар баробари дигар мушкилоти марбут ба захираҳои об, ба рушди устувор ва мудирияти якпорчаи захираҳои обӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳитизистӣ, татбиқ ва тарғиби барномаву тарҳҳои марбута, инчунин таҳкими ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳама сатҳҳо ба манзури мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обӣ, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи СММ оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 бозтоб ёфтаанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
Қатънома инчунин қарор мекунад, ки мушкилот ва монеаҳои эҳтимолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои Даҳсола шиносоӣ шаванд, табодули афкор ва таҳияи тадбирҳову ташаббусҳои лозим барои расидани босуръат ба ҳадафҳо дар нимаи дуюми Даҳсола сурат гиранд ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои иштирок дар ин раванд ҷалб шаванд, то ки ҳукуматҳо, низоми СММ, созмонҳои байниҳукуматӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои хайриявӣ чолишҳову имкониятҳои марбут ба ҳадафҳои Даҳсола ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба обро арзёбӣ кунанд.
Қатънома аз Раиси Маҷмаи Умумии СММ бори дигар дархост мекунад, ки дар Ню-Йорк дар соли 2021 нишасти сатҳи баланди якрӯзаро бобати татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба об баргузор кунад.
Илова ба ин, қатънома аз Раиси Маҷмаи Умумӣ дархост менамояд, ки ҷиҳати ниҳоӣ кардани мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари ташкилии Конфронси СММ-2023 то ноябри 2022 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк нишасти якрӯзаи тадорукотӣ доир намояд.
Ҳамзамон қатънома аз пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соли 2022 дар Душанбе ба манзури омодагии муассир ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсола, ки метавонад ба раванди тадорукот ба Конфронси СММ-2023 низ саҳм гузорад, истиқбол мекунад.
Гузашта аз ин, қатънома зимни таъйиди қарори худ дар бораи зарурати баргузории нишастҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз пешниҳодҳои Ҳукумати Португалия дар мавриди доир намудани Симпозиуми сатҳи баланд оид ба захираҳои обӣ зимни Конфронси СММ роҷеъ ба уқёнус, Ҳукумати Германия доир ба баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба захираҳои обӣ, Ҳукумати Япония роҷеъ ба мусоидат дар танзими Нишасти сарони Осиё ва Уқёнуси Ором, апрели 2022, Ҳукумати Сенегал дар мавриди баргузории нуҳумин Форуми ҷаҳонии об аз 21 то 26 марти 2022 ва давлатҳои дигари узв бобати ташкили ҳамоишҳо ба манзури саҳмгузорӣ ба бознигарии миёнамуддати фарогир низ истиқбол менамояд.
Қатънома ба кишварҳои узв, ниҳодҳои дахлдори СММ, муассисаҳои тахассусӣ, комиссияҳои минтақавӣ ва созмонҳои дигари низоми СММ, инчунин шарикони дигари дахлдор, аз ҷумла бахши хусусӣ, тавсия медиҳад, ки ба мусоидат ба бознигарӣ ва иҷрои барномаҳои Даҳсола, аз ҷумла аз тариқи зарфиятсозӣ, ба манзури кумак ба татбиқи Рӯзномаи 2030 идома диҳанд.
Бояд зикр кард, ки Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал метавонад заминаи муҳим ва бамавқеъро барои баррасӣ ва мубодилаи афкор дар мавриди доираи васеи масъалаҳои марбут ба об фароҳам оварад ва идомаи сазовори нахустин Конфронси СММ оид ба захираҳои обӣ, ки соли 1977 дар Мар-дел- Платаи Аргентина баргузор шуда буд, гардад.
Бешак, қабули қатъномаи мазкури Маҷмаи Умумии СММ гувоҳи эътирофи аҳамияти ҷаҳонии ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ аст.
АМИТ «Ховар»