Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Раис,

Хоҳишмандам, табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати дубора интихоб гардиданатон ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо бемисланд ва интихоби якдилонаи дубораи Шумо ба ин мансаби олии давлатӣ нишонаи возеҳи дастгирии қавии роҳи сиёсии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Чин мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, изҳори итминон менамоям, ки мо бо саъю талошҳои муштарак минбаъд низ ба рушду тавсеаи бемайлони муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, ки ба анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя доранд, мусоидат хоҳем кард.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Раис, саодатмандӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав, инчунин ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

Tags: