Имрӯз бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи Парлумони касбии мамлакат машварати омӯзишӣ оид ба доираи амали «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазоқулов зимни машварат зикр кард, ки «мақсад аз қабул шудани қонуни мазкур бештар намудани масъулият, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ пеш бурдани таълиму тарбияи фарзандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад».
Бояд гуфт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.
Дар машварат таъкид гардид, ки амали қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз маҳали истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз маҳали ҷойгиршавиашон татбиқ мегардад.
Дар қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳолати аз тарафи падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
АМИТ «Ховар»