Феҳристи навбатии 500 мусулмони бонуфузтарин (The Muslim 500-2017) 6 октябр аз ҷониби Маркази исломии тадқиқоти стратегии Шоҳигарии Уммон бо дастгирии Маркази тафоҳуми мусулмонӣ — насронӣ дар Ҷорҷтаун ба табъ расид. Феҳрист шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола нашр карда мешавад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм ба ин феҳристи маъруфтарин шомил гардид.
Ҳамчунин бори дуюм ба ин феҳрист роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ворид шуд. Дилшод Назаров низ ҳамчун мусулмоне, ки соли 2016 дар Бразилия медали тилло ба даст овардааст, ба он шомил гардид.
Соли равон дар сархати феҳрист яке аз ходимони суннимазҳаби Миср Шайх Аҳмад Муҳаммад Ал-Тайиб қарор дошта, пас аз он Шоҳи Урдун Абдуллоҳ II бин Ал-Ҳусейн ҷой гирифтааст.
Ба феҳрист Шоҳи Марокаш Муҳаммад IV, президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон ва роҳбари олии Эрон (аз соли 1989 то имрӯз) Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ низ дохил шудаанд.
Ба Топ-500 чун солҳои қаблӣ ҳамчунин роҳбари динии исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ (Оғохони IV), ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ зиндагӣ мекунанд, шомил гардид.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Чеченистон Рамзан Қодиров ва ҳамчунин муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов ба ин феҳрист дохил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи сайёра соли 2012 ворид шуда буд. Соли 2015 дар якҷоягӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳрист ҳамчунин муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода шомил гардид.
Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"