САҲМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ. Тибқи қарори ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 1050-солагии ин донишманди барҷастаи Шарқ таҷлил гардида истодааст

«Асри тиллоӣ» ба ҷаҳониён мутафаккирони зиёде бахшид, ки осори онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ таъсири назаррас дорад. Яке аз намояндагони барҷастаи ин давра Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ мебошад.

Бо дарназардошти мавқеи ҷаҳонии Абурайҳони Берунӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 221-уми Шурои иҷроияи ЮНЕСКО, ки 17 апрели соли 2020 доир гардид, бо пешниҳоди Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО таклиф намуд, ки дар радифи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати санаҳои таърихии ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Абурайҳони Берунӣ ҳамроҳ шавад. 11 ноябри соли 2021 зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ва суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаи умумии сиёсии Иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷиҳати пешбурди ҳадафу вазифаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ – фарҳангу забон, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, анъана ва расму оин, рушди илму маориф бо тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори Конференсияи генералии ЮНЕСКО аз 11 ноябри соли 2021 бо пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷлили 1050-солагии зодрӯзи донишманди барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Рӯйхати санаҳои муҳим ва хотирмоне, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 таҷлил мешаванд, ворид гардид.

Дар робита ба таҷлили санаи мубораки зодрӯзи ин алломаи Шарқ таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои дотсенти кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Мунфиза Сайфутдинова.

— Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ олими бузурги энсиклопедист, астроном, риёзидон, файласуф, ҷуғрофиёдон, мардумшинос, антрополог, геолог, муаррих, ботаник, башардӯст ва ниҳоят фармаколог буд, ки тибқи қарори ЮНЕСКО 1050-солагиаш солҳои 2022-2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия ба таври васеъ таҷлил гардида истодааст.

Воқеан, ҳангоме ки сухан дар бораи донишмандони маъруфи асрҳои Х-ХI меравад, Берунӣ бо таълифоти беҳамто ва андешаҳои илман асосноки худ дар сафи аввали онон қарор мегирад. Хусусияти фарқкунандаи ин мутафаккир дар он буд, ки ӯ тақрибан дар тамоми риштаҳои илмии даврони худ дониш дошт ва ҳамчунин бо ҳашт забон суҳбат мекард, дар рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, тиббӣ ва гуманитарии замон нақши муҳим бозида, зиёда аз 150 асар навишта, мероси бузурги илмӣ боқӣ гузоштааст. Асарҳои Берунӣ ба забонҳои зиёд тарҷума шуда, то ба имрӯз эътирофи худро гум накардаанд. Инчунин Берунӣ ҳамчун муаррихи байнифарҳангӣ маъруф буда, дар бораи низомҳои гуногуни тақвимӣ, таърихи ҳокимон, қаҳрамонон, рӯйдодҳои сиёсӣ, фарҳанг, урфу одат ва ахлоқ пажӯҳишҳо бурдааст, ки барои дарки фарҳангҳои гуногун ва дастовардҳои муштараки зеҳнӣ хизмат мекунанд.

Бесабаб нест, ки раиси Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Вашингтон Фредерик Старр аҳамияти эҷодиёти Беруниро чунин ситоиш кардааст: «Мероси Берунӣ бинобар нисбатан васеъ будан ва аз бисьёр ҷиҳат дурандешона дарк намудани инкишофи илмҳои дақиқ шавқу ҳаваси ҳақиқӣ ба амал меоварад. Фаъолияти ӯ такони пурқувват гардида, барои бозёфтҳои минбаъда дар соҳаи табиатшиносӣ заминаи асосӣ мегардад. Навовариҳои ин олим дар тамоми соҳаҳои илмҳои омӯхтааш математикаи мураккабро бо дарки бесобиқаи таъсири забон, дин ва фарҳанг ба ҳаёти инсон пайвастаанд».

Абурайҳони Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар шаҳраки Коси Хоразм зода шудааст. Зодгоҳи Берунӣ дар он замон деҳаи хурдакаке буда, баъдан ба ифтихораш номи Беруниро гирифт. Берунӣ аз падару модар дар айёми тифлӣ бенасиб монда, таҳсилоти ибтидоиро дар муҳити наздикон гирифта, асосҳои илмро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Берунӣ дар яке аз ноҳияҳои Хоразм дар байни аҳли касбу ҳунар ба воя расида, мувофиқи маълумоти ибни Яқут тахаллуси «Берунӣ»-ро аз номи ҳамин ноҳия гирифтааст.

Забони модарии Берунӣ хоразмӣ буд, онро дӯст медошт ва дар китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» навиштааст, ки агар пурсанд, ки «…ба кадом забон афзалият бидиҳам, ман ҳатман забони хоразмиро интихоб мекунам». Забони дуюми Берунӣ форсӣ буд, вале бештари асарҳои илмии худро ба забони арабӣ – забони илмии дар он замон роиҷ навиштааст. Ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба омӯхтани забонҳои дигар шуруъ намуд ва аз рӯйи маълумоти худаш забонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро омӯхт, ҳангоми мусофираташ дар Ҳиндустон фарҳанги ҳиндӣ ва забони санскритро низ аз бар намуд. Берунӣ дониши ҳаматарафаро дар ватанаш Хоразм, ки дар он ҷо олимони риштаҳои нуҷум, ситорашиносӣ, риёзиёт, тиб, таърих ва ғайра аз мамлакатҳои дуру наздик ҷамъ омада буданд, гирифтааст. Дар синни 17 ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки бино ба маълумоти маъхазҳо, худаш ба таври мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронидааст.

Берунӣ устодони бузурге, ба мисли олими барҷаста Абунасри Мансур ибни Алӣ ибни Ироқ дошт, ки ба насаб бародарзодаи Хоразмшоҳ маҳсуб шуда, яке аз аввалин устодони ӯ буд. Берунӣ аз хурдсолӣ дар қасри амаки Хоразмшоҳ буда, ибни Ироқ нисбат ба пешрафти илмии Берунӣ ғамхорӣ мекард, аз лиҳози моддӣ дастгирӣ намуда, то охири умри ибни Ироқ бо меҳру ғамхории самимии ӯ фаро гирифта шудааст. Берунӣ дар 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ситорашиносӣ пардохта, гирифтани Офтобро мушоҳида ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шуруъ намуд.

Мероси илмии Берунӣ бузург аст. Дар маҷмуъ ӯ дар тӯли ҳаёташ тақрибан 150 рисола навиштааст, ки ба илмҳои риёзӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа, минералогия, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва фармакология бахшида шудаанд. Вале баъзе асарҳои нодири ин мутафаккири бузург то замони мо омада нарасидаанд. «Ҳамаи китобҳои ман фарзандони мананд ва бештари мардум ба фарзандон ва шеърҳои онҳо мафтунанд», — навиштааст мутафаккир.

Абурайҳони Берунӣ ҳанӯз аз ҷавонӣ бо Абуалӣ ибни Сино ба мукотибаи илмӣ пардохта будааст. Дар мукотибаи худ бо Абуалӣ ибни Сино ӯ ба назарияи табиатшиносии Арасту аз дидгоҳи танқидӣ назар намуда, назарияи машшоии қадимии оламро қабул нанамуда, тарафдори ҳудуси олам будани худро иброз доштааст. Абурайҳони Берунӣ бо табиби маъруфи давр Абуалӣ ибни Сино ҳамкорӣ намуда, аз ӯ илм омӯхтааст, вале дар баробари ин то андозае ҳамчун мунаққиди ӯ баромад намудааст. Ду абармарди айём роҷеъ ба масоили офоқу анфус, кайҳону замин, масоили физикиву фалсафӣ назарҳои худро мубодила намудаанд. Бо вуҷуди қаробати афкору андешаи ин ду бузурги майдони илм ақидаҳояшон дар масъалаи шинохти олам аз ҳам фарқ доштанд. Берунӣ ба масоили амалӣ шавқи бештар дошт ва ибни Сино ба масоили назариявӣ машғул буд. Давраи дуру дарози муоширати Абурайҳони Берунӣ ва Абуалӣ ибни Сино дар Академияи Маъмун ва мукотибаи онҳо дар ташаккул ва пешрафти ибни Сино ҳамчун олим ва табиби бузург мавқеи бузург бозидааст.

Яке аз асарҳои ҷолиби Абурайҳони Берунӣ китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» («Дорусозӣ дар тиб») – китоб дар бораи маводи тиббӣ дар қатори муҳимтарин китобҳои Берунӣ қарор мегирад. Китоб яке аз асарҳои калонтарини мутафаккир Абурайҳони Берунӣ буда, дар бораи доруворӣ маълумот медиҳад. Ин асари калони худро, ки дар замони мо низ аҳамияти беандоза дорад, Берунӣ дар айёми пиронсолӣ, ҳангоми бад будани вазъи саломатиаш ва дар ҳолати беморӣ навиштааст. Дар навишти китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб»-и Берунӣ, ки ӯ дар охири умраш таълиф намудааст, ба ӯ табиби давр Абуҳомид Аҳмад ибни Муҳаммад Нахшаӣ ёрӣ расонидааст. Берунӣ дар муқаддимаи китоб зимни шикоят аз заъфи чашму гӯш дар асари пирӣ ёд меоварад, ки «дар такмили он аз кумакҳои табиби ғазнавӣ Абу Ҳомид Аҳмад бинни Муҳаммад Нахшаӣ мустафид шудааст».

Берунӣ қабл аз он ки ин асари гаронбаҳоро комилан ба поён расонад, зиндагиро падруд мегӯяд ва асар ҳамон тавр дар ҳоли тасвид (дастнавис, сиёҳнавис) боқӣ мемонад. Баъдан бо гузашти замон нусхаҳое, ки аз рӯйи он бардошта мешаванд, бо ғалатҳо ва иштибоҳот меомезанд ва истифодаи китобро душвор мегардонанд. Дар айни замон дар ҷаҳон нусхаи ягонаи китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» мавҷуд аст, ки дар он ҳамаи навиштаҷоти донишманд ҷамъоварӣ гардидаанд ва он ҳам нисбатан мукаммал набуда, аз камбудиҳо орӣ нест (аз ҷумла, панҷ ҷойи китоб аз қайд афтодаанд ва бархе аз истилоҳот тавассути котибон ғалат истифода шудаанд). Ин нусхаи хаттӣ аз китобхонаи воқеъ дар шаҳри Бурсаи Туркия ба даст омадааст.

Ягона манбае, ки барои пур кардани ҷойи варақҳои гумшудаи китоб метавонад кумак намояд, тарҷумае аст, ки дар асри ХIII тавассути Абу Бакри Косонӣ ба забони форсӣ аз он шудааст.

Чунин тасаввур мешавад, ки китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» монанди қисме аз осори Берунӣ аз ҳамон аввал чандон паҳн нагардидааст, зеро дар осори тиббии муаллифони асрҳои ХI-ХIII сухане дар бораи он намеравад. Китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» то ибтидои асри ХХ барои ҷаҳони донишмандони Аврупо ношинохта буд ва фақат соли 1902 мақолаи хурдакаке дар бораи як нусхаи хаттии тарҷумаи форсии Абу Бакри Косонӣ аз ин китоб ба нашр расид. Аммо муҳаққиқон ба ин мавзуъ эътинои чандоне нишон надоданд ва фақат пас аз пайдо шудани ягона нусхаи арабӣ, қабл аз зикри китоб, шарқшиносон ва таърихнигорони илм нисбат ба ин асар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Пас аз гузашти панҷ сол донишманди олмонӣ Макс Мей Ярхор (1874-1945) тарҷумаи олмонии муқаддимаи китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб»-ро ба нашр расонид. Аммо тарҷума ва нашри пурраи асар барои ҷомеаи Аврупо ҷомаи амал напӯшид.

Нахустин устоди Абурайҳони Берунӣ як нафар табиби юнонӣ будааст. Берунӣ анвои набототи табииро барои ӯ гирд меоварда, зери назари устоди худ бо номҳо ва хусусияти тиббию муолиҷавии ҳар кадоми онҳо ошноӣ пайдо карда, дар ёддоштҳои худ менавиштааст. Ин алоқамандӣ бо мурури замон қувват мегирад ва ҳамчунин тайи солҳои тӯлонии иқомат дар Ҳинд аз табибони ҳинду ва китобҳои тиббии онҳо низ чизҳои зиёде меомӯзад.

Маҳсули мутолиаҳо ва таҷрибаҳои тӯлонии Берунӣ дар ин соҳа ба ҳайси яке аз шоҳкориҳои ӯ бо номи «Ас-Сайдана фи-т-тиб» (дурусти он «Ас-Сайдалия фи-т-тиб») арзи вуҷуд мекунад, ки донишманд онро дар вопасин дақиқаҳои зиндагии худ таҳрир менамояду охирин дастоварди нубуғи илмии худро боқӣ мегузорад.

Берунӣ барои навиштани китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» манобеи зиёдеро, ки донишмандони ҳавзаи Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, мамолики арабӣ, Осиёи Хурд, Юнон ва мамолики дигар бунёд гузошта буданд, бо диққат аз назар гузаронида, аз таҷрибаи онон истифода намудааст.

Китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» дорои номи беш аз дусаду панҷоҳ табиби дорушинос, кимиёгар, табиатшинос, муаррих, файласуф, сайёҳ, шоир ва ғайраҳо мебошад.

Берунӣ дар оғози китоб муқаддимаи тӯлонӣ дар панҷ боб медиҳад ва баъд аз он маводи тиббии мухталифро, ки аз гиёҳон, ҳайвонот ва маъданҳо ба даст меоянд, ба таври муфассал муаррифӣ менамояд ва барои ҳар модда фасли ҷудогонае тахсис медиҳад, ки маҷмуан ба 1116 фасл ба тартиби алифбоӣ оварда шудааст.

Берунӣ дар ин асар баъд аз он ки дорусозиро (фармакологияро) бо диққат таъриф менамояд, ба масъулият ва мукаллафияти (уҳдадориҳои) дорусозон ва табибон ишора менамояд ва ба онҳо роҳнамоҳои дақиқ медиҳад. Дар китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» номи анвои набототи тиббӣ бо забонҳои арабӣ, дарӣ, сирёнӣ, юнонӣ ва ҳиндӣ дода мешаванд. Матолиби китоб бо нақли ашъоре, ки ба мавзуъ иртибот мегирад ва бо қиссаҳо ва ҳикояҳои ҷолиб ороста мешавад.

Берунӣ ба мисли як донишманди дақиқкор ҳар яке аз набототи тиббиро бо тасвири хусусияти онҳо таъриф менамояд, маҳалли пайдоиш ва шароити зироати ҳар кадоми онро ба тафсил иброз намуда, мавридҳои истифодаи онҳоро нишон медиҳад. Берунӣ таҷриба ва маълумоти гаронбаҳои хешро дар заминаи дорусозӣ ва дорушиносӣ ба таври фишурда дар ин асар гирд оварда, мавқеи барҷастаи худро дар ин соҳаи илму дониш низ амалан исбот намудааст.

Китоби мазкур дар бораи гиёҳҳои шифобахш ва тарзу тариқаи истифодаи онҳо дар табобат иншо шудааст. Ҳамзамон дар китоб дар хусуси хосияти шифобахшии ҳайвонот ва маъданҳо низ маълумот дода шудааст. Ҷолибияти бештари маълумоти ин китоб он аст, ки дар китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб»-и Берунӣ номҳои давоҳо ба забонҳои паҳлавӣ, арабӣ, юнонӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ, форсӣ, хоразмӣ, суғдӣ, туркӣ ва санскритӣ оварда шудаанд, ки дар маҷмуъ ҳудуди 4500 номро ташкил медиҳанд. Берунӣ дар китоби худ «Ас-Сайдана фи-т-тиб» доруҳои зиёдеро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун овардааст. Вай дар ин асар зиёда аз 880 гиёҳ ва хусусияти шифобахши онҳоро нишон додааст. Дар асар қисмҳои алоҳида ва маҳсулоти ихроҷи онҳоро муфассал тавсиф карда, тахассусоти аниқи онҳоро додааст.

Дар баробари ин Берунӣ истилоҳотро ба тартиб дароварда, онҳоро шарҳ додааст ва номҳои маҳаллиашонро низ овардааст. Ин муродифот имкон медиҳанд, ки таърифи дақиқи маводи табобатӣ фароҳам оварда шавад ва он барои таҳқиқоти муосир хеле муҳим мебошад.

Дар китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб»-и Берунӣ дар бораи 107 давои маъданӣ, 101 маҳсулоти ҳайвонот, ҳудуди 900 доруи гиёҳӣ, ки бисёре аз онҳо дар амалия бомуваффақият истифода мешуданд, тавсифи мукаммал оварда шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби Берунӣ барои бемориҳои пӯст низ тавсия дода шудааст. Тавсияҳои Берунӣ оид ба воситаҳое, ки бо мақсадҳои табобатӣ дар асараш тавсиф кардааст, дар амалияи муосири дерматологӣ истифода мешаванд.

Асари дигари пурқимати Абурайҳони Берунӣ «Маҷмуаи маълумот барои дониши заргарӣ» («Минералогия») ба ҳисоб рафта, мутафаккири бузург дар ин асараш дар бораи мумиё маълумот додааст, ки он барои табобати захм ва бемориҳои пӯст истифода бурда мешавад.

Китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб»-и Берунӣ яке аз обидаҳои формакологияи Шарқ дар қарнҳои миёна мебошад. Абурайҳони Берунӣ бо асарҳои пурқимати худ ба фаъолияти ҳамзамонон ва олимони наслҳои баъдӣ, ки дар омӯзиши бемориҳои пӯст ва табобати онҳо саҳм гузоштаанд, таъсири калон расонидааст. Масъалаҳои муолиҷаи касалиҳои пӯст ва самтҳои дигари фаъолият ва осори Берунӣ, бахусус роҷеъ ба тиб то ба ҳол пурра омӯхта нашудаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар инкишоф додани доруворӣ дар соҳаи тиб ҳиссаи калон гузоштааст. Ин мутафаккири бузург нисбат ба мавқеи илм чунин ақида баён намудааст: «Табибон ҳуқуқи нисбатан бештар ба эҳтиром ҷиҳати саъю кӯшиши онҳо дар такмил додани илми худ доранд, зеро онҳо илмро на танҳо дар болҳои назария баланд мебардоранд, балки онро дар амал низ татбиқ менамоянд».

Tags: