Меҳрона Ғайбуллоева сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардид

Донишҷӯи курси якуми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» Меҳрона Ғайбуллоева, ки соли 2018 дар озмуни байналмилалии «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») –и  шабакаи телевизионии «НТВ» – и Федератсияи Россия иштирок намуда,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ  намудааст,  сазовори   стипендияи Раиси шаҳри Душанбе  гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, номбурда   ҳар як моҳ бо маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ барои нуҳ моҳи  соли хониши 2017-2018  таъмин карда мешавад.

Воқеан ҳам натиҷаи бадастовардаи Меҳронаро дар саҳнаи Озмуни байналмилалии  «Ту беҳтарин!» («Ты супер!»), ки аз ҷониби Агентии иттилоотии «Спутник» ва шабакаи телевизонии «НТВ»-и Россия роҳандозӣ карда шуд, муваффақият номидан мумкин аст, зеро роҳ ёфтан ба даври нимниҳоии чунин озмуни бонуфуз на ба ҳар кас  даст медиҳад. Илова бар ин, дар озмуни «Ту беҳтарин!» 82 нафар сарояндагони ҷавон аз 13 кишвари олам ширкат намуданд ва ба намояндаи Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба қатори чор нафари беҳтарин шомил шавад.

Хотиррасон менамоем, ки Меҳрона Ғайбуллоева дар курси якуми Коллеҷи давлатии санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов таҳсил менамояд. Ӯ аз кӯдакӣ ба овозхонӣ шавқ дошта, борҳо дар барномаҳои фарҳангии шаҳрию ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ намудааст. Иштироки ӯ  дар озмуни байналмилалӣ бори аввал  буд.

АМИТ «Ховар»