Дар минтақаи Кӯлоб дар 129,6 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид

Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 399,4 гектар ҷангалзор барқарор ва 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст. Дар ин  ниҳолхонаҳо  буттаву  дарахтони  гуногун парвариш карда мешаванд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои  махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад.

Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст.

Кормандони хоҷагиҳои ҷангал хуб медонанд, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: