Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ карданд.
Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба ифтихори 29-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ ба аҳли маориф ва кулли сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошад.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз 3 ошёна, 17 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлисгоҳ иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуда, барои кормандон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст.
Дар бинои шуъбаи маориф китобхона таъсис ёфта, Маркази технологияи иттилоотӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ ҷойгир карда шудааст, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон ва пешрафти ин самтҳои муҳими соҳаи маорифи ноҳия мусоидат менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди соҳаи маориф, ислоҳоти низоми таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ба комёбиҳо ноил шуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Заҳмати омӯзгор ва кори пурмасъулияти аҳли маориф таҳти таваҷҷуҳи доимии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишу маърифати фарзандон, азхудкунии донишҳои замонавӣ, технологияҳои муосир, омӯзиши амиқи фанҳои даниқ, табиӣ ва риёзӣ дастуру супоришҳо доданд.
Таъкид шуд, ки кормандони соҳа дар чунин шароити фароҳамовардашуда баҳри пешрафти кори таълиму тарбия бояд пурсамар фаъолият намоянд.
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ барои таваҷҷуҳу ғамхории доимии давлату ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маорифу кормандони соҳа сипосу қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри рушди маорифи ноҳия, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди таълиму тарбия тамоми донишу маҳорати хешро равона месозанд.
АМИТ «Ховар»