Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея Жи Тае Сонг 15 январ дар Пекин баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»