Куҳантарин кӯдакистони шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад

Бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти  ҳукуматии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистони рақами якуми шаҳри Хоруғ аз нав бунёд мегардад. Директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо» Атоназар Давлатназаров, ки бунёди бинои ин кӯдакистонро бар дӯш дорад, баён дошт, ки «ин бино аз се ошёна иборат аст ва ҳоло корҳои сохтмониро дар таҳхона ба анҷом расонидем. Рӯзҳои наздик сохтмони девори ошёнаи аввалро низ ба охир  мерасонем. Дар масъалаи маблағ ва масолеҳи сохтмонӣ ягон мушкилӣ надорем».

Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввали он ошхона, утоқҳои таълимӣ, дар ошёнаи дуюм толорҳо барои бозиҳои варзишию фарҳангӣ ва утоқ барои сардорони гурӯҳҳо мавҷуд аст. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Абдулвоҳид Амонбеков гуфт, ки бинои кӯҳна дар аввали солҳои шастум ҳамагӣ барои каме бештар аз 80 нафар кӯдакон сохта шуда буд ва утоқу ҳуҷраҳояш низ масоҳати чандон калон надоштанд. Бо зиёд шудани аҳолии шаҳр талабот ва теъдоди табриягирандагони ин кӯдакистон низ рӯ ба афзоиш ниҳода, айни замон дар 9 гурӯҳ зиёда 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ин бино соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

АМИТ "Ховар"