Бонувони ихтироъкори тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ бо медалҳои тиллою нуқра сарфароз гардиданд

Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 –умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз 28 июн то 1 июл дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 9 адад ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод намуд. Ин бонувон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо  4 медали тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла, номзади илмҳои кимиё, дотсент, мудири кафедраи «Пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ»-и факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сурайё Тағоева барои ихтироъ дар соҳаи кимиё  бо номи «Эфири этилии 2- атсетил — 4- ҳидрокси – 5 — бутилокси кислотаи пентан ҳамчун маводи хушбӯй»,  номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи «Физиологияи муқаррарӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Фариза Ҳалимова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ», номзади илмҳои кимиё, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Зумрат Ғайбуллоева барои ихтироъ дар соҳаи металлургия бо номи «Тарзи истихроҷи сурб аз консентратҳои полиметаллии сулфидӣ», ассистент, аспиранти кафедраи «Кимиёи фармасевтӣ ва токсикология»-и  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Мижгона Шуҳратзода барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ зоҳиркунанда»  соҳиби медалҳои тилло,  номзади илмҳои тиб, корманди Маркази колопроктологияи шаҳри Душанбе Раъно Қаҳҳорова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Малҳами бензой барои табобати раванди илтиҳоби фасодӣ”, номзади илмҳои кимиё, устоди кафедраи кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маина Султонмамадова барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи «Эфири 1,2-пропан-диоли туршобаи 3α,7β- дигидрокси холонат ба сифати маводи холелитолитикӣ ва гипохолестиеринӣ», лаборант –духтури клиникии Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Расулова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Маводи «Фитазид» дорои таъсири зиддимикробӣ», духтури ҷарроҳ Шабнам Муродова барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи «Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма» соҳиби медалҳои нуқра ва номзади илмҳои кимиё, дотсент, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Кимиё Мабадқадамова барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи «Тарзи сайқалдиҳии электролитии маснуоти тиллогӣ» соҳиби медали биринҷӣ  гардид.

Бояд гуфт, соли ҳафтум аст, ки ихтироъҳои бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар сатҳи байналмилалӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

АМИТ"ХОВАР"