Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 73 маркази таълими калонсолон имкон дорад кадрҳои баландихтисоси касбӣ ва мавриди ниёзро барои интиқол ба Ҷумҳурии Корея омода намояд,-зикр намуд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода зимни мулоқот бо Вазири шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Ли Ки-Квон.
С.Тағойзода илова намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ имкон пайдо мекунанд дар навбати худ малакаи корӣ ва забондониашонро зимни фаъолият дар Корея мукаммал намоянд.
Зимни вохурӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, дурнамои миёнамуҳлати ҳамкории мутақобилан судманд муайян карда шуд.
С. Тағойзода таъкид намуд, ки маҳз сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар моҳи апрели соли 2015 заминаи нави рушди муносибатҳои дўстона ва ҳамкории судмандро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гузошт. Дар ҷараёни ин сафар ва вохӯрӣ дар сатҳи олӣ тарафҳо оид ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва ҳамчунин муҳоҷирати меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон алоқамандии худро дар робита ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея иброз намуда, изҳори умедворӣ кард, ки санадҳои меъёрии марбута дар ин самт миёни ду кишвар ба имзо расонида мешаванд.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея дар баррасии ҷониби кореягӣ қарор дорад.
Вохўрӣ дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
АМИТ "Ховар"