16-17 марти соли равон дар шаҳри Гангвони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати 28-уми Осиё оид ба лижаронии кӯҳӣ миёни наврасон баргузор мешавад.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зикр шуд, ки дар чемпионат иштироки варзишгарон аз 20 давлати қитъаи Осиё дар назар аст. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш 3 нафар варзишгари наврас – Ҷаҳонгир Аҳёзода, Зикруллои Шамсулло ва Маҳмадҷон Эшонов бо роҳбарии мураббӣ Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд. Варзишгарон дар равияҳои слалом ва слаломи калон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш намуди лижаронӣ дар кишвар рушд ёфта, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, ин варзишгарон аввали моҳи феврал дар аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”, ки дар Сахалини Федератсияи Россия доир шуд, ширкат намуданд.
АМИТ «Ховар»