Ҳайати кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертифиатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») китоби «Роҳнамо барои ҳунармандон оид ба интихоби дурусти ашёи хом ҷиҳати рушди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ»-ро таҳия ва ба истифода додаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дастӣ муаммоҳои гуногун нуҳуфтаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.
Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифт, ки барои рушди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати шинос намудани ҳунармандон бо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва истифодаи он ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ягон дастурамал ё маводи чопӣ омода намояд. Чунки барои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ягон ҳуҷҷати меъёрӣ-техникӣ (стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ) қабул карда нашудааст ва ин маҳсулот ба стандартонӣ ва бамеъёрдарории техникӣ фаро гирифта намешавад. Аммо нисбат ба ашёи хоми истифодашаванда дар ин маҳсулот ҳуҷҷатҳои меъёри техникӣ амал мекунанд, ки онҳоро бояд дар як мавод ҷамъ овард.
Аз ин рў мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтанд, ки ин маводро ҷамъоварӣ намуда, дар шакли китоб чоп намоянд. Ҳамин тариқ, мутахассисон китоби “Роҳнамо барои ҳунармандон оид ба интихоби дурусти ашёи хом ҷиҳати рушди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии техникии шарикони рушд омода намуданд.
Дар китоби мазкур талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ нисбат ба ҳар як ашёи хоми намуди молу маҳсулот ба инобат гирифта шудааст. Роҳнамо ба ҳар як намуди маҳсулоти ҳунари мардумӣ ҷиҳати интихоби дурусти ашёи хом аз рўи нишондодҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ маълумот дода, барои беҳтар намудани сифати маҳсули дасти онҳо мусоидат менамояд.
Дар китоб маълумоти мухтасар оид ба қоидаҳои иваз намудани моле, ки муҳлати кафолаташ муқаррар нагардидааст, фарқияти матоъҳои синтетикӣ аз табиӣ ва санҷиши муқоисавии ресмон гирдоварӣ шудааст.
Ҳамзамон дар китоб доир ба 21 намуди ҳунарҳои миллии дӯзандагӣ ва кандакорӣ, инчунин 21 ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ ва маҳсулоти хўроквории миллӣ аз талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷчатҳои меъёрӣ-техникии амалкунанда маълумоти зарурӣ дода шудааст.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ унсури асосӣ буда, интихоби босифати он аз рўи нишондоди ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ омили истеҳсоли маҳсулоти босифат ва бехатар ба ҳисоб меравад. Аз ин рў мазмуну муҳтавои китоби таҳиягашта маҳз ба ин самт равона гаштааст.
Китоби “Роҳнамо барои ҳунармандон оид ба интихоби дурусти ашёи хом ҷиҳати рушди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ” барои ҳунармандон ҳамчун роҳнамои ҳақиқии рушди маҳсулоти истеҳсолиашон кумак намуда, ҷиҳати рушди санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо ба ҷаҳониён мусоидат менамояд.
Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»