Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеаи ғамангези ҷон бохтан ва осеб дидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Корея бар асари садамаи заврақ дар дарёи Дунай дар пойтахти Венгрия моро андуҳгин кард.
Хоҳишмандем ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».
АМИТ «Ховар»