22 марти соли 2019 дар шаҳриДушанбе Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳоифарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Форуми мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори мазкур, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форуми мазкур тадбирҳо андешанд.
АМИТ «Ховар»