Марҳамат ба ҷашнгоҳҳо! Ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Душанбе бо мушакпарронии идона пешвоз мегиранд

Тавре қаблан иттилоъ додем,  17  ноябри соли  равон дар Муассисаи давлатии  «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе  намоиши театришуда  бахшида  ба маросими  ба  истифода додани  агрегати якуми  Неругоҳи  барқии обии «Роғун»  баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,   дар ин барномаи театришуда  устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ   ба фазои   идонаи   Тоҷикистон   шукӯҳи тоза  мебахшанд.

Ҳамчунин 17 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти   оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ,   майдони 800-солагии Москваи  ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ  дар ноҳияи Сино  баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе  сокинону меҳмонони пойтахтро  ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.

АМИТ «Ховар» 

Tags: