14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус намоиши картошка 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар намоиш аз ҷониби кишоварзони вилоят зиёда аз 10 навъи картошка, инчунин зиёда аз 30 намуд хӯрокҳои аз картошка омодашуда пешниҳод гардид.
Ҳамзамон дар намоишгоҳ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо бо тарҳи зебо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, мевагӣ, хушкмеваҳо, банду басти хушкмеваҳо ва афшураҳо муаррифӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд дар самти картошкапарварӣ баҳри зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, афзун намудани иқтидори содиротӣ ва ба ин васила танзим намудани нархи картошка дар бозорҳои дохилӣ дар мавсими имсола доир ба васеъ намудани масоҳати кишти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Тибқи маълумот, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 25 712 гектар ва дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар 16 335 гектар картошка кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 1496 гектар ва 1026 гектар зиёд мебошад.
Майдони асосии кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич- 7 ҳазору 502 га, Панҷакент- 4 ҳазору 333 га, Истаравшан- 3 ҳазору 538 га, Кӯҳистони Мастчоҳ- 3 ҳазору 42 га, Шаҳристон- 2 ҳазору 155 га, Айнӣ- 1 ҳазору 87 га ва дар шаҳри Исфара 1 ҳазору 138 гектарро дар бар мегирад.
Дар вилоят вобаста ба ҷойгиршавии маҳал бештар навъҳои “Пикассо”, “Кардинал”, “Тоҷикистон” ва даҳҳо дигар намудҳо истифода бурда мешаванд, ки ҳосилнокии баланд дошта, ба касалӣ ва ҳашароти зараррасон тобовар мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникии парвариши картошка аз ҷониби хоҷагидорони вилояти Суғд то 1 ноябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 534 ҳазору 190 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 447 ҳазору 260 тоннаро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба соли пешин мутаносибан 38 ҳазору 649 тонна ва 33 ҳазору 954 тонна зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка нисбат ба соли пешин бештар аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Айнӣ 2 ҳазору 330 тонна, Истаравшан 5 ҳазору 435 тонна, Кӯҳистони Мастчоҳ 7 ҳазору 93 тонна, Панҷакент 1 ҳазору 386 тонна, Шаҳристон 3 ҳазору 442 тонна ва Деваштич 32 ҳазору 17 тоннаро ташкил медиҳад.
Баробари ин ҳосилнокии картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ аз 280- сентнерӣ ба беш аз 300-сентнерӣ расонида шуда, нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят аз 20 сентнер то 50-сентнерӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ аз 30 апрели соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид.
Зимни баргузории намоишгоҳ ва суҳбати самимӣ бо Сарвари давлат кишоварзони вилоят изҳор доштанд, ки бо истифода аз ҳамаи захираю имконияти мавҷуда фаъолияти худро ба таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, амалисозии сиёсати аграрии Ҳукмати мамлакат, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд ба ғайрату ҳиммати онҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода, кишоварзонро ба истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои кишт, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, боло бурдани ҳаҷми содиротии мамлакат ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҳидоят намуданд.