Ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ бахшида ба Иди саиди Фитр

Имрӯз дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ярмаркаи навбатии фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бахшида ба Иди саиди Фитр барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир шуд.
Ярмаркаи мазкур барои дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва пурғановат гардонидани дастархони идонаи онҳо равона гардидааст.
Маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оварда шуда, бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши харидорон гардиданд.
Меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз қабили картошка, помидор, бодиринг, боқлаҷон бо нархи 1 сомонӣ, пиёзу сабзӣ 50 дирам, 1 дона тухм 50 дирам, тарбузу харбуза бо нархи 2 сомонӣ, як килограмм гӯшт 20 сомонӣ, равған 6 сомонӣ, шакар 5 сомонӣ, биринҷ, наску нахуд, марҷумак 4 сомонӣ, як халта орд 130 сомониро ташкил медод.
Ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромада, кормандон барои иқдоми хайри пешгирифтаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи Иди шарифи Рамазон изҳори миннатдорӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: