Инкишофи илми педагогика дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Инкишофи илми педагогика дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон бо иштироки олимону мутахассисони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ ҷамъомад баргузор шуд.
Тавре аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, ноиби президенти Академия Ирина Каримова иброз дошт, ки ҳадафи ҷамъомади мазкур дарки васеи масъалаҳои баҳсталаб, камбудиву норасоиҳои соҳа аз нигоҳи Пешвои миллат ва ба ин васила, ба вуҷуд овардани эҳсоси дӯст доштани Ватан, эҳтирому гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва беҳбуд бахшидан ва фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълимӣ мебошад. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, рушду нумуи соҳаи тақдирсози ҷомеа — маорифро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд»,-иброз дошт Ирина Каримова.
Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Дурнамои вазифаҳои илми педагогика», «Ташкили синфҳои камнуфус ва ҷадвали дарсҳо», «Муҳтавои баёнияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба дурнамои масъалаҳои инкишофи маориф» маърӯзаҳо шунида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: