Пешниҳоди роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон

 Бо ташаббуси филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар ноҳияи Ёвон дар доираи лоиҳаи «Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон» семинар доир гардид.
Дар семинар намояндагони маҳаллаҳо, шӯрои занон, ҷавонони касбҳои гуногуни ноҳия ва намояндагони мақомоти ҳифзи хуқуқ иштирок намуданд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи маблағгузории «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 2018» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мақсади семинар, пеш аз ҳама, пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин тарғиби либоси миллӣ ва тарбияи ватанпарастӣ миёни ҷавонон мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: