Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили арзандаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар барои эҷод намудани «Беҳтарин шеър дар васфи падар» ва «Беҳтарин зани китобхон ва қироаткунандаи шеър» озмун эълон менамояд.
Тибқи иттилои Кумитаи мазкур, Озмуни «Беҳтарин шеър дар васфи падар» 21 феврали соли 2020 ва Озмуни «Беҳтарин зани китобхон ва қироаткунандаи шеър» 4 марти соли 2020 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Хоҳишмандон метавонанд эҷодиёти худро ба унвони кумита тариқи почта (kumitaizanon@mail.ru) ирсол намоянд ва ё бо телефони бахши иттилоот- 2231706 тамос гиранд.
АМИТ «Ховар»